Ду нафар хонандаи шаҳри Хуҷанд дар озмуни “Роботтехника”-и Дубай ғолибият ба даст оварданд

Ду нафар хонандаи шаҳри Хуҷанд дар озмуни “Роботтехника”-и Дубай ғолибият ба даст оварданд

Ду нафар хонандаи шаҳри Хуҷанд дар озмуни “Роботтехника”-и Дубай ғолибият ба даст оварданд Парвиз Очилзода – хонандаи литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии шаҳри Хуҷанд бо ҳамроҳии дигар узви даста Нафиса Қобилзода - хонандаи МТҒ «Ирфон»-и шаҳри Хуҷанд, Манучеҳр Набиев – хонандаи муассисаи таълимии «Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон бо ҳайати дастаи хонандагони болаёқат аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят, таҳти роҳбарии Фирдавс Ашӯрматов - директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб дар озмуни байналмилалии «Роботтехника» иштирок намуда, бори аввал дар чунин озмуни ҷаҳонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ғолибият ба даст оварданд. Озмуни сатҳи ҷаҳонӣ бо иштироки намояндагони 197 кишвари олам таи 4 рӯз дар маҷмааи фарҳангӣ-варзишии «Фестивал Арена Дубай» давом кард. Озмуни ҷаҳонии «Роботтехника» аз рӯи шаш бахш баргузор гардида, дастаи хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои «Робот-инжинеринг» ва «Стратегия» ширкат варзида, роботи сохтаи худро, ки дорои 16 амалиёт мебошад, муаррифӣ намуданд. Дар ҷамъбасти озмун дастаи хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бахши «Стратегия» байни ҳарифони худ ба гирифтани мақоми дуюм сазовор гардид. Дар бахши «Робот - инжинеринг» даста бо Ифтихорномаи кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардонида шуд. Ин дастовард аввалин комёбии мактабиёни кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ оид ба ин ришта маҳсуб мегардад. Муваффақияти дигари дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба узвияти комилҳуқуқи олимпиадаи ҷаҳонии «First global» шомил шудани он мебошад. Ин амр имкон медиҳад ҳамасола дастаи хонандагони болаёқати мо дар тамоми озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби ин созмони бонуфузи амрикоӣ созмон меёбад, бевосита иштирок намуда, шарафи кишварро ҳимоя намоянд. Инчунин дар рӯзи ҷамъбасти озмун тамоми ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар маросими ҷамъбасти озмун даъват гардида, аз ҷониби намояндаи кишвари Тоҷикистон бо ширкатҳои бонуфузи сохтмонии дунё «Эмар»-и шаҳри Дубай ва «The first group»-и Британияи Кабир дар самти пешниҳоди лоиҳаҳои сохтмонии биноҳо қарордод ба тавсиб расид. Минбаъд дар асоси ин қарордод хонандагони болаёқати вилояти Суғд намои тарҳи биноҳо ва лоиҳаҳои сохтмониро муаррифӣ менамоянд. Дар сурати мақбул дониста шудани лоиҳаҳои мазкур онҳо аз ҷониби ин ду ширкати бонуфуз харидорӣ хоҳанд шуд. Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

170 15 ноября 2019 в 10:01



необходима авторизоваться.

Войти

Еще нет аккаунта?

Зарегистрироваться