Хуҷанд: Ниҳолҳои 15-20 солаи навъи Каштан дар хиёбони Исмоили Сомонӣ шинонида шуданд

Хуҷанд: Ниҳолҳои 15-20 солаи навъи Каштан дар хиёбони Исмоили Сомонӣ шинонида шуданд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баъди иштирок дар намоиш-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироати кишоварзӣ, ки дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят баргузор гардид, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ якчанд адад ниҳолҳои 15-20 солаи навъи Каштан шинониданд. Таъкид шуд, ки ҳамасола ҳашарҳои ниҳолкориву ниҳолшинонӣ бо иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукми анъана даромадааст, ки он  аҳамияти сарсабзу зебогардонӣ дошта, моро ҳамзамон аз хатарҳои мудҳиши экологӣ, аз хушксоливу маҳви ҷонварон низ то ҷойе нигоҳ дошта, ба мо муҳити хуш ва ҳавои тоза фароҳам меоварад. Худи ҳамон рӯз аз мавзеъи рӯ ба рӯйи факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров то чорроҳаи асосии хиёбони Исмоили Сомонӣ беш аз 30 адад ниҳолҳои навъи Каштани 15-20 сола шинонида шуд. Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

363 26 февраля 2019 в 13:44



необходима авторизоваться.

Войти

Еще нет аккаунта?

Зарегистрироваться