Ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Cубҳи имрӯз дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди театри Камоли Хуҷандӣ ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, бо харидорон ва фурӯшандагон сӯҳбати озод ва мустақим дошт. Роҳбари вилоят таъкид намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум ва захиранамоии маводи озуқа дар фасли тирамоҳу зимистон тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад. Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-50 фисад арзиши маҳсулот пешкаш карда шуданд. Масалан, нархи як кило гӯшти гов 38 сомонӣ, гӯшти гӯспанд 40 сомонӣ, пиёз 90 дирам, сабзӣ 0,80 дирам, карам як сомонӣ, шалғам ва турб 80 дирам, картошка 1 сомонию 50 дирам, себ аз 2 то 4 сомонӣ, анор 7 сомонӣ, биринҷ 9 сомонӣ ва ғайра арзиш доштанд. Як халтаи орди 50 килоиро бо арзиши 175 сомонӣ мефурӯхтанд. Маҷмуъан кишоварзони вилоят беш аз 100 тонна маҳсулотро ба харидоронро пешниҳод намуданд. Мардум аз ин фаровонии ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ изҳорӣ хушнудӣ намуда, ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд. Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

319 16 ноября 2019 в 15:44



необходима авторизоваться.

Войти

Еще нет аккаунта?

Зарегистрироваться