Роҳандозии пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи кортҳои нақлиётӣ дар автобусҳои шаҳри Хуҷанд

Роҳандозии пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи кортҳои нақлиётӣ дар автобусҳои шаҳри Хуҷанд

Роҳандозии пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи кортҳои нақлиётӣ дар автобусҳои шаҳри Хуҷанд Солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, тадбирҳои мушаххаси ободонию созандагӣ амалӣ шуда истодааст. Дар ин радиф ҳанӯз як сол муқаддам бо саъю талошҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба шаҳри Хуҷанд 100 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд ва ин имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти мусофиркаш беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад. Дар доираи лоиҳаи мазкур марҳилаи ба роҳ мондани пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ фаро расид ва масъулини лоиҳа дар ин самт корҳоро оғоз намуданд. Бояд қайд намуд, ки низоми мазкур бо мақсади соддагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум роҳандозӣ гардида, амалӣ намудани он як қатор бартарият, аз қабили зиёдшавии даромади корхонаи мусофиркашонӣ, ба иқтисодиёти расмӣ фаро гирифтани ҳамаи маблағҳои гардиш, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бақияпулиҳо, назорати мунтазами гардиши молиявӣ, назорати рафтуомади воситаҳои нақлиёти мусофирбар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, танзим ва назорати реҷаи гардиши воситаҳои нақлиётро дорад. Дар доираи лоиҳа харидории таҷҳизоти лозима аз ҷумла насби терминалҳо пешбинӣ шудааст. Алҳол марҳилаи якуми тендер гузашта, давраи омодагӣ ба марҳилаи дуюми тендер бо иштироки ширкатҳои «Авесто-гуруҳ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Микроэлектроника»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва «Технодата» -и кишвари Чехия ҳамчун довталабони асосӣ иштирок хоҳанд намуд. Баъд амалӣ шудани лоиҳа хизматрасонӣ дар автобусҳо пурра тариқи кортҳои электронӣ сурат гирифта, шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳо, марказҳои тиҷоратӣ ва ё худ бевосита аз ронандагон дастрас намоянд. Ронанда ҳангоми оғози кор корти худро ба валидатор гузошта, онро барои қабули роҳкиро ва назорати ҷараёни он омода месозад. Мусофир қабл аз ворид шудан ба автобус корти роҳкироро дастрас намуда, ҳангоми ворид шудан ба воситаи нақлиёт онро болои валидатор мегузорад ва дар сурати мавҷуд будани маблағ дар табло калимаи «Хуш омадед» ва дар сурати набудани маблағи зарурии пардохт дар корт истилоҳи «Қабул нашуд» пайдо мешавад. Дар марҳилаи аввал дар ҳар як воситаи нақлиёти мусофирбар назоратчиҳо фаъолият мекунанд, ки ҷараёни истифода ва пардохти электронии роҳкироро назорат хоҳанд кард. Дар сурати надоштани корт мусофир метавонад маблағи роҳкироро ба назоратчӣ пардохт намуда, аз ӯ расид (чек) гирад. Кортҳои имтиёзнок барои иштирокчиёни барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуд, наврасони то 10 сола ва то 50 фисад иимтиёз пешбинӣ шудааст. Интизор меравад, ки амалишавии пардохти ғайринақдӣ аз оғози семоҳаи дуюми соли 2020 сурат гирад. Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

289 22 ноября 2019 в 11:36



необходима авторизоваться.

Войти

Еще нет аккаунта?

Зарегистрироваться